IQNA

Рекорди бесобиқаи шумораи довталабон дар озмуни Қуръони Дубай

Рекорди бесобиқаи шумораи довталабон дар озмуни Қуръони Дубай

Дар 29-умин давраи Озмуни байналмилалии Қуръони Карими Ҷоизаи Дубай, ки барои соли 2027 баргузор мешавад, шумораи бесобиқаи довталабон аз 135 кишвар сабти ном шудаанд.
10:46 , 2026 Aug 23
Масҷиди зеризаминии Қазоқистон:шоҳиди хомӯши садсолаҳои маънавият ва имон + филм

Масҷиди зеризаминии Қазоқистон:шоҳиди хомӯши садсолаҳои маънавият ва имон + филм

Дар ғарби Қазоқистон, масҷиди зеризаминии Шакпак-Ота бо меъмории нодир ва катибаҳои таърихии худ яке аз аҷибтарин меросҳои динӣ ва фарҳангии минтақаи Манғистау ба шумор меравад.
10:46 , 2026 Aug 23
Фаъоли Қуръонии Сурия даргузашт

Фаъоли Қуръонии Сурия даргузашт

Аднон Муҳаммад Зарзур, донишманд ва мутафаккири суриягӣ ва яке аз муҳаққиқони барҷаста дар соҳаҳои илмҳои Қуръонӣ, тафсир ва андешаи исломӣ, дар синни 87-солагӣ даргузашт.
10:39 , 2026 Aug 23
9-уми Рабиъул-аввал фурсате барои амиқтар кардани маърифат нисбат ба Имом Маҳдӣ (аҷ)

9-уми Рабиъул-аввал фурсате барои амиқтар кардани маърифат нисбат ба Имом Маҳдӣ (аҷ)

Мудири Маркази тахассусии Маҳдавият бо баёни ин ки 9-уми Рабиъул-аввал солгарди оғози имомати Имом Маҳдии зинда (аҷ) мебошад, гуфт: бузургдошти ин муносибат метавонад фурсате барои тақвияти маърифат нисбат ба Имом Замон (аҷ), шинохти ормонҳои маҳдавӣ ва эмин нигоҳ доштани ҷомеа аз доми даъвогарони дурӯғин ва ҷараёнҳои инҳирофӣ бошад.
10:39 , 2026 Aug 23
Фаъолияти беш аз 250 ҳазор хонанда дар марказҳои тобистонаи Қуръонии Урдун

Фаъолияти беш аз 250 ҳазор хонанда дар марказҳои тобистонаи Қуръонии Урдун

Вазорати авқофи Урдун аз муваффақияти назаррас дар ҷалби насли наврас ва ҷавон дар давраи таътили тобистона ба марказҳои Қуръонии ин кишвар хабар дод. Шумораи иштирокчиёни ин марказҳо аз 250 ҳазор нафар хонандагони духтару писар гузаштааст.
09:50 , 2026 Aug 23
Пайванди орзуангези нобиноён бо зебоиҳои хушнависии Қуръон

Пайванди орзуангези нобиноён бо зебоиҳои хушнависии Қуръон

Як коршиноси дастнависҳои қадима дар Миср дар доираи як ташаббуси қуръонӣ барои он ки шахсони нобино бештар аз зебоии хатти куфӣ дар китобати Қуръон дарк намоянд, усули навине ихтироъ кардааст.
11:10 , 2026 Aug 21
Ҳазрати Муҳаммад (с); роҳнамои башарият дар миёни таърих, имон ва раҳмат

Ҳазрати Муҳаммад (с); роҳнамои башарият дар миёни таърих, имон ва раҳмат

Ҳамзамон бо фаро расидани рӯзҳои аввали моҳи «Рабиъулаввал» ва идҳои гуногун ва мубораки он, хабаргузории икно ба нақду баррасии китоби «Муҳаммад (с); паёмбаре барои замони мо», навиштаи Карен Армстронг, пардохтааст; ривояте аз як муҳаққиқи зани ғарбӣ дар бораи паёмбаре, ки ҳидояти башарро дар миёни таърих, имон ва раҳмат бори дигар маъно бахшид ва баён кард.
11:08 , 2026 Aug 21
Нигоҳдории Қуръони ҳаштсадсола дар Осорхонаи «Малага»-и Испания

Нигоҳдории Қуръони ҳаштсадсола дар Осорхонаи «Малага»-и Испания

Як нусхаи 800-солаи Қуръон, ки ба давраи ҳукмронии мусулмонон дар Испания тааллуқ дорад, дар Осорхонаи Малагаи ин кишвар нигоҳдорӣ мешавад.
11:03 , 2026 Aug 21
Сабти рекорди бештарин боздиди рӯзона аз Маҷмааи чопи Қуръони Мадина

Сабти рекорди бештарин боздиди рӯзона аз Маҷмааи чопи Қуръони Мадина

Маҷмааи чопи Қуръони «Малик Фаҳд» дар Мадинаи Мунаввара бо қабули 10 ҳазору 558 нафар дар як рӯз рекорди бештарин боздиди рӯзона дар таърихи фаъолияти худро сабт кард.
10:59 , 2026 Aug 21
Зарурати бознигарӣ дар усулҳои густариши ҳифзи Қуръон мутобиқ ба насли нав

Зарурати бознигарӣ дар усулҳои густариши ҳифзи Қуръон мутобиқ ба насли нав

Ҷавод Насирӣ Авонкӣ бо шарҳи зарфиятҳои расонаӣ, омӯзишӣ, пажӯҳишӣ ва студиявии Созмони Қуръонии Донишҷӯёни Кишвар ва хабаргузории икно, аз омодагии ин ду маҷмӯа барои ироаи хидмат ба фаъолони маҷозие, ки дар заминаи Қуръон фаъолият мекунанд, хабар дод ва гуфт: дар масъалаи ҳифзи Қуръон, он чӣ зарур ба назар мерасад, бознигарӣ дар усулҳои ҷалби мухотаб ва густариши ҳифзи Қуръон мутобиқ ба талабот ва хусусиятҳои насли нав аст.
10:53 , 2026 Aug 21
Маҷмааи Қуръонии Мадина — мизбони ширкаткунандагони мусобиқаи Қуръони Арабистони Саудӣ

Маҷмааи Қуръонии Мадина — мизбони ширкаткунандагони мусобиқаи Қуръони Арабистони Саудӣ

Ширкаткунандагони зану марди 46-умин мусобиқаи байналмилалии ҳифз, тиловат ва тафсири Қуръони «Малик Абдулазиз» дар Арабистони Саудӣ аз Маҷмааи чопи Қуръони «Малик Фаҳд» дар шаҳри Мадина боздид карданд.
11:09 , 2026 Aug 19
Изҳори ҳамбастагии ситораи футболи Фаронса бо Ғазза

Изҳори ҳамбастагии ситораи футболи Фаронса бо Ғазза

«Пол Погба», ситораи футболи Фаронса, бо нашри акси як кӯдаки фаластинӣ дар миёни харобаҳо ва вайрониҳои Ғазза дар саҳифаи расмии худ дар Instagram, ҳамбастагии худро бо мардуми ин минтақа изҳор кард.
11:01 , 2026 Aug 19
Баргузории марҳилаи муқаддамотии мусобиқаҳои Қуръонӣ ба муносибати Ҳафтаи миллии Қуръон дар Алҷазоир

Баргузории марҳилаи муқаддамотии мусобиқаҳои Қуръонӣ ба муносибати Ҳафтаи миллии Қуръон дар Алҷазоир

Марҳилаи муқаддамотии миллии мусобиқаҳои Қуръонӣ ба муносибати 28-умин Ҳафтаи миллии Қуръон дар Алҷазоир рӯзи душанбе, 26-уми мурдод (17-уми август) дар ин кишвар баргузор гардид.
10:50 , 2026 Aug 19
Ситоиши масеҳиёни Нигерия аз фаъолияти беш аз нимасраи як донишманди мусалмон

Ситоиши масеҳиёни Нигерия аз фаъолияти беш аз нимасраи як донишманди мусалмон

Як ҳайати масеҳӣ дар иёлати Кадунаи Нигерия аз Шайх Усмон Муҳаммад Маймутo, мубаллиғи мусалмон, ба хотири беш аз панҷ даҳсола фаъолияти таблиғотӣ дар заминаи Қуръон ва маорифи исломӣ ва тарбияи ҳазорон ҷавон қадрдонӣ кард. Ин иқдом бо ҳадафи таҳкими ҳамзистии осоишта миёни мусалмонон ва масеҳиён анҷом шуд.
10:46 , 2026 Aug 19
Оғози маъракаи расонаии милоди Паёмбар(с) дар Миср

Оғози маъракаи расонаии милоди Паёмбар(с) дар Миср

Маъракаи расонаии «Вулида-л-ҳудо: Ҳидоят таваллуд шуд» ба муносибати милоди Паёмбари Акрам(с) тавассути платформаи «Азҳар Подкаст» дар Миср роҳандозӣ мешавад.
10:43 , 2026 Aug 19
1 2 3 4 5